сар

сар
I
[سر]
1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки мағз, чашм, гӯш, бинӣ ва даҳон дар он қарор дорад, кала
2. оғоз, аввал, ибтидо; сари бозор, сари кӯча, сари таҳсил, сари тобистон, сари шаб
3. боло, рӯи; сари болин, сари кӯҳ, сари сина
4. нӯг; сари ришта
5. хӯша; як сар ангур, як сар ҷуворӣ
6. раис, сардор: сари қавм
7. маҷ. майл, рағбат, ҳавас
8. шумораи асп, ҳар (нумератив): се сар буз
9. нафар, кас; сари… а) ҳангоми…, вақти…; б) дар бобати…, аз ваҷҳи…; сари вақт дар айни вақти…, бевақт нашуда, фурсат аз даст нарафта; сари роҳ он чи дар имтидоди роҳ воқеъ аст; сари офтоб бо тулӯи офтоб, офтоб тулӯъ кардан ҳамон; сари ҳавз дар гирди ҳавз, дар канори ҳавз; ба сари… а) ба болои…, дар айнӣ вуқӯи воқеае…; б) дар бораи…, дар хусуси…; ба сари худ мустақилан, худ бо худ, бе иштирок ва ёрии каси дигар; ба сари касе ба ҳар як кас; аз сари… аз баҳри…, аз фикри…; саратро хӯрад вақти дашном мегӯянд: аз сарат монад; як сари либос як маҷмӯаи пурраи либос; як сару ду гӯш танҳо, муҷаррад; аз як сар ҳама, бе истисно; як сари мӯй чизе намондан, ҳеҷ чиз надоштан; баъд аз сари…, пас аз марги…, баъд аз вафоти…; баъд аз сари ман, пас аз марги ман; дар сари… а) барои…, аз барои…; ҷанҷол дар сари чист?; б) дар болои…, дар назди…, дар пеши…; дар гирди…; дар сари ваъда дар вақти ваъда кардан; ба сарат зан! бало ба пасаш, аз они худат шавад! (аз) сар то по аз аввал то охир, тамом, ҳама, ҳамагӣ; сар ба сар саросар, аз як сар то сари дигар; аз сари нав дубора, аз нав…, аз ибтидо…; як сари қадам барои андак вақт, сари роҳ; ба сари зону ба зону такя карда; аз ҳар сар аз ҳар як; як сари қоқ танҳо, якка, бекас; дарди сар а) бемории сар; б) маҷ. кулфат, ташвиш; сари обро гирифтан чорае, кореро ба вақташ дидан, илоҷи воқеаро пеш аз рӯй додани он кардан; сари касеро хӯрдан марги касеро дидан; боиси марги касе шудан; марги касеро дида, баъди вай зинда мондан; сар (сари касе) рафтан ҳалок шудан, нобуд гардидан; сар раваду обрӯ наравад, сар раваду сир наравад (зарб); аз як гиребон сар баровардан муттафиқ будан, ҳамраъй будан, якдилу якзабон будан; муттафиқона ба коре оғоз кардан; аз сар дур кардан рафъ кардан, бартараф кардан, монеаеро аз худ дафъ кардан; сари кореро гирифтан аз пайи коре шудан, бо коре машғул гардидан; ба ҳар дар сар задан ба ҳама ҷо муроҷиат кардан; аз сар гирифтан (кореро) аз нав шурӯъ кардан (ба коре); сар тарошидан мӯи худ (ё касеро) бо асбоби сартарошӣ гирифтан, мӯйсар гирифтан (бо асбоб); сари калоба(и) (худ)-ро гум кардан чи кор кардани худро надониста мондан; сари калобаи чизеро ёфтан роҳи халли мушкилеро ёфтан, кори худро ба роҳ мондан; сари худро гирифта рафтан аз баҳри ҳама касу ҳама чиз гузашта танҳо ба ҷои монда рафтан; сар тофтан ниг. сар печидан; сар печидан гарданкашӣ кардан, итоат накардан; гапро ба сари касе (чизе) овардан дар бораи касе (чизе) гап кушодан; ба сари касе дод задан дӯғу пӯписа кардан ба касе; сари роҳро гирифтан пеши роҳро банд кардан; сари фуровардан пеши касе изҳори итоат кардан, таслим шудан; сар гаштан, сар чарх задан чарх задани сар; гардидани сар аз беморӣ ва беқувватӣ; сару кор доштан бо касе, чизе кордор будан; муомила доштан; сар кардан оғоз намудан, ибтидо кардан кореро; дар сари ҳукумат нишастан зимоми ҳукуматдориро ба даст гирифтан; ба сари касе рехтан ба касе якбора, нохост ҳуҷум кардан, касеро аз пой даровардан; ба сар давидан а) бо саъй ва кӯшиши тамом дар пайи иҷрои коре шудан; б) бо суръати тамом рафтан; аз дӯст як ишорат, аз мо ба сар давидан (зарб.); сар кашидан а) сар барафроштан, қад баланд кардан; б) нофармонӣ кардан, сар тофтан; ба сар кашидан якбора чизи обакиеро нӯшидан (аз зарф); сар ба зону ниҳодан (мондан) ба фикр ғӯтавар шудан; ба сари худ шудан ба ҳоли худ мондан; бесоҳиб мондан, худсар шудан; ба сар омадан ба ёд омадан, ба хотир расидан; ба сар афтодан (фикре) ба хаёл расидани фикре, пайдо шудани фикре; ба сар афтодани воқеае ё коре) пеш омадани коре барои касе; сар ба осмон расидан бисёр сарфароз ва сарбаланд шудан; ниҳоят шод гардидан; сар ҷунбондан бо ҷунбонидани сар ризогӣ ё норизогии худро изҳор кардан, аломати тасдиқ ё рад баён кардан; сар карда касеро ба ҷойе бурдан ҳамроҳ гирифта бурдан, роҳнамо шудан; ба сар хоридан даст нарасидан хеле серкор будан; ба сар бардоштан а) ҳурмату иззат кардан касеро; б) шӯру ғавғо кардан, сахт овоз баровардан (дар ҷое); сар бастан ҳосил овардан (доир ба растанӣ); сари касе ба девор расидан азоб кашида, танбеҳ дида хатои худро фаҳмидан; сари касе ба осмон расидан ниҳоят хурсанд шудан (аз чизе), сарафроз ва мамнун будан; сари худро гирифта рафтан ба ҷое ҳама касу чизро партофта, якка ба ҷойе баромада рафтан; сар банд будан а) бо коре машғул будан, саргарми коре будан; б) номзад доштан (духтар); ба сари гапи худ истодан дар гуфтаи худ собиту устувор будан; ба аҳду қавли худ сахт истодан; сари кореро гирифтан аз паи касбу коре шудан; сари касеро дуто кардан касеро зандор ё шавҳардор кардан; аз сарат (саратон) гардам фидоят шавам, қурбон шавам, садқа шавад; сар шудан а) шурӯъ ёфтан, оғоз ёфтан; б) роҳбар шудан; як сару гардан баланд будан аз касе хеле бартарӣ доштани касе нисбат ба дигаре; аз паси (пушти) сари касе дар ғоиби касе, дар вақти ҳозир набудани касе; сарамро ба кадом дар занам? ба куҷо равам?, ба мушкили худ чӣ чора ҷӯям; ба кӣ муроҷиат кунам?; сар ба санг задан бисёр зӯр задан, ҷидду ҷаҳд кардан, барои ба даст овардани чизе ҳар сахтиро ба худ раво дидан; ба сари касе рӯзи сахт омадан дар сахтӣ ва тангӣ мондан, ба бадбахтӣ, кулфате гирифтор шудан, ба фалокате гирифтор шудан; сар омадан тамом шудан, ба охир расидан; ба сари итоат омадан итоат кардан, нофармон-бардориро бас кардан; аз сар гузарондан (воқеаеро) дар воқеае шахсан иштирок доштан; сарам дилам кор кардан бо дили нохоҳам кор кардан, кореро бе рағбат, мусолиҳакорона ба ҷо овардан; сар ба зер афкандан сар хам кардан (аз хиҷолат); аз сар берун кардан фикреро аз худ дур кардан, дигар дар пайи он фикр (кор) нашудан; ба сар бурдан ба охир расондан, гузарондан, тай кардан; умр ба сар бурдан зиндагӣ кардан, умр гузарондан; сар хоридан а) ба фикр рафтан, тааммул кардан; б) мутараддид шуда мондан, чи кор кунам, гуфта фикр карда мондан; сар додан а) раҳо кардан (мас., гӯсфандро ба чаро); б) худро фидо кардан, аз ҷони худ гузаштан); в) талоқ додан (зани худро); г) озод кардан (аз банду қайд); д) дар феълҳои таркибӣ омада якбора рӯй додани амалеро нишон медиҳад; овози худро сар додан бо тамоми қувва овоз баровардан; сари аспро сар додан аспро ба рафтори худаш мондан (лаҷомро раҳо карда); сар задан а) сарро аз тан ҷудо кардан, куштан; б) воқеъ гаштан, рӯй додан, пайдо шудан; в) неш зада баромадан (сабза аз хок); г) баромадан, тулӯъ кардан; сару кала задан бо касе панҷа бар панҷа задан, баҳсу талош кардан; сар бардоштан а) сарро боло кардан (мас., ҳангоми хондан ё аз болишт); б) маҷ. муқобил баромадан, исён кардан; сар халондан (ба ҷое) сар даровардан ба ҷое, сар паноҳ кардан; як сару ҳазор савдо фикру хаёли бисёр; ташвиши зиёд; бо сар рафтан (ба ҷое) бо майл ва рағбати тамом рафтан ба ҷое; сар бохтан ҷон додан барои мақсаде; сар аз пой нашинохтан бехуд будан (бештар аз шодӣ); сар сари… (кӯҳ) аз боли кӯҳҳо; ба сари касе об рехтан боиси фалокат ё ҳалокати касе шудани чизе; сар дар каф будан бо ҷоннисорӣ тайёр будан; аз саратон монад! ба худатон насиб шавад!; ба сари худ бардоштан (ҷоеро) доду фарёд кардан, мағал кардан
II
[سر]
1. хӯшаи ангур: як сар ангур
2. хӯшаи гандум

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно решить контрольную?
Синонимы:

Полезное


Смотреть что такое "сар" в других словарях:

  • Сар — Сар, Эдвин ван дер Эдвин ван дер Сар …   Википедия

  • САР — «Специальные авиационные работы» авиакомпания авиа, г. Ташкент, организация, Узбекистан Источник: http://www.centrasia.ru/newsA.php4?st=1090965420 САР Союз армян России Армения, РФ Источник: http://news.mail.ru/news.html?371209 САР …   Словарь сокращений и аббревиатур

  • САР — или САР (кириллицей) может означать: В качестве слова Сар (исп. El Sar, галис. O Sar)  комарка (район) в испанской провинции Ла Корунья. Сар  фамилия; известные носители: Сар, Салот (1925 1998)  настоящее имя камбоджийского… …   Википедия

  • сар. — сар. сарай сар. сарат. саратовский г. Саратов сарат. Словарь: С. Фадеев. Словарь сокращений современного русского языка. С. Пб.: Политехника, 1997. 527 с. Сар. Сарагоса …   Словарь сокращений и аббревиатур

  • сар. — сар. (abbreviation) слово из Саратовской губернии Толковый словарь Даля. В.И. Даль. 1863 1866 …   Толковый словарь Даля

  • Сар —     САР или Сарос. (Халд.) Халдейский бог, имя которого, представленное кругообразным горизонтом, греки заимствовали для своего слова Сарос, цикл. Источник: Теософский словарь …   Религиозные термины

  • сар — сущ., кол во синонимов: 1 • система (86) Словарь синонимов ASIS. В.Н. Тришин. 2013 …   Словарь синонимов

  • САР — САР, нескл., жен. (сокр.: система автоматического регулирования) …   Русский орфографический словарь

  • САР — абревіатура Сирійська Арабська Республіка незмінювана словникова одиниця …   Орфографічний словник української мови

  • Сарёда — лев. приток Тобыша. Дл. 67 км. В 1903 г. гидроним приводится в форме Сеареда яха. На совр. ненецкой территории также имеется р. Сарёдаяха, лев. приток Нерицы: ненец, сарёд «дождливый» и яха «река». Сарёдаяха «дождливая река». Так река названа… …   Топонимический словарь Республики Коми


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»